Дар Душанбе мубориза ба муқобили ҳашароти занбуруғӣ пурзӯр мегардад

Сентябрь 22, 2023 11:51

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади эмин мондани гулу бутта ва навниҳолон аз касалиҳои занбӯруғӣ ва дигар ҳашароти зараровар дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ мешаванд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Чунин тадбири безараргардонӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ гузаронида шуд.

Ин тадбири биологӣ имкон медиҳад, ки гулу буттаҳо ва навниҳолон аз мубтало гардидан ба касалиҳои занбӯруғӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт тасмим гирифтааст, ки дар дигар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ низ чунин тадбирҳо гузаронад.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Душанбе

Сентябрь 22, 2023 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд