Дар Душанбе оид ба нақши осори Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳамгироии фарҳангии давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши осори Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳамгироии фарҳангии мамлакатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ»-таҳти ин унвон 23 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.
Дар ҳамоиш профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон, олимону донишмандон аз ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Русия ва Туркия иштирок намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ашъори оламгири худ дар шикастани марзҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ нақши бузург дорад. Имрӯз дар сартосари ҷаҳон асарҳои Мавлоно аз серхонандатарин ва серхаридортарин асарҳои манзум ба ҳисоб рафта, маркази ғояҳои илмиву фалсафии осори ӯро таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ ташкил менамояд. Бахусус, дар минтақаи Осиёи Марказӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз маҳбубияту муҳаббати хосса бархӯрдор буда, нақши осори ӯ дар ташаккули ҳамгироии фарҳангии миллатҳои муқими минтақа бағоят назаррас мебошад.
Дар конференсия мутахассисону коршиносон ва таҳлилгарони масоили байналмилалӣ таъкид доштанд, ки осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҷанбаи илмӣ-таҳлилӣ, ирфонӣ ва маънавӣ дошта, дар осори вай ғояҳои инсондӯстӣ, муҳаббат нисбат ба хислатҳои накуи инсонӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии миллатҳо мавқеи марказиро ташкил менамоянд. Дар ҷаҳони муосир назария ва ғояҳои Мавлоно аз маҳбубияти хосса дар тамоми олам бархӯрдор буда, аз осори ӯ ҳамчун сарчашмаи маънавии ҳамзистӣ ва ҳамгироӣ миллатҳо васеъ истифода мебаранд.
Дар қисмати фарҳангии конференсия бо истифода аз ашъори баландмазмуни Мавлоно баҳри ҳозирин беҳтарин сурудҳо пешкаш гардиданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






