Дар Душанбе Созишномаи грантӣ доир ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба имзо расонида шуд

Сентябрь 2, 2023 16:28

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи мулоқот Созишномаи грантӣ доир ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба имзо расид.

Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю ба имзо расониданд.

Бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур имкон фароҳам мегардад, ки хизматчиёни давлатии ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон дар дараҷаи магистрӣ ва докторӣ таҳсил намоянд.

Маблағи умумии Лоиҳа 276 млн йени ҷопонӣ (2 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардидааст. Татбиқи он соли 2024 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2030 ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид