Дар Фаронса пешгирии вуруди террористон тавассути сарҳадҳои давлатҳои аъзои INTERPOL баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Лиони Фаронса Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ (INTERPOL) Стивен Кавана мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи пешгирии вуруди террористон тавассути сарҳадҳои давлатҳои аъзои INTERPOL баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон, истифодаи имконияти гуногуни INTERPOL ҳангоми кофтукови категорияҳои гуногуни ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, пайвастагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба махзанҳои иттилоотии INTERPOL ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.
Баъди вохӯрӣ мулоқоти мутахассисони ду ҷониб ҷиҳати ба махзанҳои INTERPOL ворид намудани шахсони ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ содирнамуда ва дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта доир шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯриҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






