Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз зиёда аз 3000 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 10 фоизи нақшаи дурнамои ҳосилро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
24 сентябр дар маъракаи чиниши пахта кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ба кумаки марди деҳқон баромаданд.
Ҳамзамон ҳамарӯза дар ноҳия беш аз ду ҳазор нафар аз ҳисоби саҳмдорон ва ҳашарчиён барои ҷамъоварии «тиллои сафед» ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ҷалб мешаванд.
Раиси ноҳия бо кишоварзон ва ҳашарчиён суҳбат намуда, барои беталаф ва ҳарчӣ зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил дастуру маслиҳатҳо дод. Таъкид шуд, ки шумораи ҳашарчиёнро аз ҳисоби саҳмдорон ва ёрдамчиён зиёд намуда, ҳамзамон онҳоро ба ғунучини пахта ҳавасманд намоянд.
Аз ҷониби ширкати фурӯши яхмос — «ICE GOLG» барои беш аз 2000 нафар чинакчии пахта яхмос дастрас шуд. Чунин иқдом минбаъд низ дар ҳудуди ноҳия идома ёфта, чинакчиёни беҳтарин ва хоҷагиҳои деҳқонии пешсаф бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






