Дар Муассисаи таълимии деҳаи Даҳкати ноҳияи Деваштич синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Даҳкати ноҳияи Деваштич 8 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои масъулин, бинои иловагӣ бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои 200 хонанда сохта шуда, барои таълиму тарбияи наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Роҳбарияти ноҳия зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Даҳкат аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳли маорифро даъват намуданд, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид






