ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонон аз шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат чун мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд

Сентябрь 29, 2023 10:15

ТУРСУНЗОДА, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода  намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-акумуляторчӣ» мехонанд. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки қисми зиёди онҳо дар рӯзи аввали  маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мегарданд. Дар ин хусус омӯзгори  Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода Умед Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки «аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 190 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис-ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил доранд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирмоҳӣ дар шаҳри Турсунзода нақши асосӣ мегузоранд».

Ҳамчунин мувофиқи иттилои масъулини  шаҳри Ваҳдат, тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби Вазорати мудофиа 30 нафар даъватшаванда ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 240 нафар даъватшавандагон  дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн қарор доранд.

Онҳо ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2023 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд