ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Ҳиссаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Тоҷикистон 28,2 фоизро ташкил медиҳад

Сентябрь 14, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2021 23 фоиз афзуда, ҳиссаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,2 фоизро ташкил медиҳад. Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ба ҳисоб мераванд. Дар ин хусус имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни баргузории Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» иттилоъ дод.

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ва Вазири инноватсия, саноат ва савдои Узбекистон иштирок доранд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи форум баён дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мамлакат барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо якчанд корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб расман фаъолият менамояд.

Баён гардид, ки савдои рақамӣ 20 фоизи тиҷорати ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа, он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ММД-и минтақаи Осиёи Марказӣ дар 20 соли охир 7 маротиба зиёд шуда, рушди иқтисодии миёнасолонаи он дар сатҳи 6,2 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба рушди иқтисоди глобалӣ (2,6) 3,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ аз рӯи Таносуби қобилияти харидорӣ (ТҚХ) 1,8 маротиба, гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба, ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ дар минтақа 17 маротиба ва гардиши савдои хориҷии молу маҳсулоти давлатҳои Осиёи Марказӣ 6 маротиба афзоиш ёфтааст.

Изҳор шуд, ки ин рақамҳо аз дурнамо ва имконияти васеи минтақаи Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи самараноки онҳо рушди иқтисодии минтақа бамаротиб зиёд мегардад.

Дар солҳои охир минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имконоти зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд. Дар робита ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт таҳия намуда, дар самтҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ бо мақсади рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисон дар соҳаи Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ва рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Дар 3 сессия мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар мамлакат», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян намудани дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ»-ро намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ ва таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд