Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон майдони фарох барои ҷалби сармояи олмонӣ ба иқтисоди мамлакат аст
ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Олмон дар шаш моҳи соли равон 93 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Чунин гуфта шуд дар Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон, ки имрӯз бо иштироки доираҳои васеи соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода доир ба ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Олмон сухан намуда, баргузории Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Олмонро қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи олмонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо Олмон соли 1992 робита ба роҳ монда, то имрӯз байни ду давлат 42 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шудааст.


Дар Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Олмон оид ба фазои сармоягузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд, маълумоти муфассал дод.


Инчунин мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Хармс баргузории Форуми соҳибкории сармоягузории Тоҷикистон ва Олмонро дар Душанбе дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла коркарди ашёи хом, энергияи «сабз», логистика, кишоварзӣ, тавлиди маводи ғизоӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки байни Тоҷикистон ва Олмон имконоти бузурги истифоданашуда зиёд мебошанд ва баргузории форум барои ҷалби бештари сармоя, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатию содиротии ҳар ду давлат майдони фарох мебошад.
Таъкид шуд, ки баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосиру пешрафтаи истеҳсоли Олмон ба Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон бартарӣ дорад ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Олмон мусоидат менамояд.



Бо дарназардошти мавҷудияти имконияти васеи ҳамкорӣ ва мунтазам идома ёфтани татбиқи тадбирҳои ислоҳотӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи соҳибкорию сармоягузории Олмон даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳми муносиб гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Олмон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика ва нақлиёт тавассути рӯнамо муаррифӣ гардид.
Дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон дар сиғаи «Соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) баргузор гардида, санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.
Интизор меравад, ки доираҳои соҳибкорию сармоягузории Олмон аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои саноатии пойтахт, инчунин мавзеъҳои сайёҳии мамлакат боздид намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






