«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Аз вилояти Суғд ба даври ҷумҳуриявии озмун 112 нафар роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз вилояти Суғд 112 нафар довталаби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз ҷумла 12 нафар аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 22 нафар аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, 19 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва 18 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва номинатсияи эҷоди наср ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро бо пирӯзияшон муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ бо пешниҳод ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки озмуни мазкур гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўён ва ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ маъруфият пайдо намудааст.
Гуфта шуд, ки соли гузашта аз вилоят 91 нафар ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифта, аз ин теъдод 28 нафар ғолиби он гардида буданд.
Дар асоси Низомномаи озмун аз моҳи март то моҳи майи соли равон даврҳои якум ва дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо 67 ҳазору 473 нафар хонанда, донишҷӯ, омӯзгору намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Аз ин шумора ба даври вилоятии озмун 1 ҳазору 146 нафар роҳхат гирифтанд, ки 836 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна, 79 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 162 нафар омӯзгори ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва 69 нафар намояндаи касбу кори гуногун мебошанд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 112 нафар ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва 57 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро гирифтаанд, мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» муайян гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 27 октябр маросими қадрдонии ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
27 октябр Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ гардиданд






