«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ба даври вилоятӣ 1337 нафар роҳхат гирифта, фаъолони озмун аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доранд.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад. Довталабон дар номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишу маҳорат месанҷанд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






