«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт

Сентябрь 26, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври сеюми (минтақавии)  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз  гардид, ки дар он ғолибони даври дуюм аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат, Шаҳринав, Рудакӣ, Варзоб ва Файзобод иштирок намуда, донишу малака месанҷанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Роҳбарияти шаҳри Ҳисор барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор гардидани озмун шароити зарурӣ муҳайё намуда, дар коллеҷҳои омӯзгориву тиббӣ, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 5 синфхонаҳои муҷаҳҳазро барои озмун омода ва пешниҳод намуданд.

Зимни ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода гуфт, ки «бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мешавад».

Рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт имкон медиҳад, ки Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои ‎2020-2040) дар мамлакат самаранок татбиқ шавад.


Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҷараёни озмун шинос гардида, ҳакамони озмунро ба шаффофият ва баҳогузории одилона ба донишу малакаи довталабон ҳидоят намуд.

Дар рӯзи аввали озмун довталабон аз 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ- Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Варзоб, Роғун  ва Файзобод иштирок намуданд. Онҳо аз рӯи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва навоварӣ – ихтироъкорӣ санҷида мешаванд.

Дар озмун аз шаҳри Ҳисор 117 нафар донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ иштирок менамоянд.

Даври минтақавии  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» то 30 сентябр идома меёбад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 26, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд