Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаи «Diplomatic world» нашр карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи «Diplomatic world» ҷиҳати табодули таҷриба ва эътирофи иқтидорҳои истифоданашудаи сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ ва табиӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита Камолиддин Муминзод бо роҳбари маҷаллаи «Diplomatic world» Барбара Дитрих баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти таблиғу ташвиқи имконияти сайёҳии мамлакат баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бобати тақвияти ҳамкорӣ дар самти таблиғу ташвиқи имконияти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла мавзеъҳои таърихӣ, имконоти сайёҳии экологӣ ва дигар ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки нашр ва таблиғу ташвиқи пешрафту имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ сабаби ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳон ба ҷумҳурӣ мегардад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






