Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд

Сентябрь 15, 2023 07:41

ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.

Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,

— дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,

— дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2023 07:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом сохтмони се кӯдакистон оғоз гардид
Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони иншооти гуногун идома дорад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи нави коркарди партов бунёд мегардад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ёвон 5 коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд 48 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар вилояти Хатлон 1663 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар се деҳаи дурдасти шаҳри Роғун кӯдакистон бунёд мегардад
Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан маҷмааи «Шоҳроҳи абрешим» ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст