Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

Сентябрь 6, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.  Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук 5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 6, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!
Дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад