ИСТИҚЛОЛИЯТ- НИШОНИ ОЗОДӢ, ИФТИХОР ВА РАМЗИ САОДАТ. Тоҷикистон маҳз бо шарофати он узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид

Сентябрь 12, 2023 13:40

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият нишони озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва бақои миллати тоҷик буда, Тоҷикистони азизи мо маҳз бо шарофати он ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусияти давлатдорӣ арзи ҳастӣ намуд, чунин иброз доштааст Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавсуф мегӯяд, ки дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф, илму фарҳанг нақши калидӣ ва созанда касб менамояд. Маҳз аз вазъи мактабу маориф, донишу саводи мардум на танҳо ташаккули мутаххасисони аз лиҳози сиёсӣ босавод, худшиносу худогоҳ, балки сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва ояндаи он низ вобастагии калон дорад.

«Яке аз ташаббусҳои наҷиби Сарвари давлат дар замони Истиқлолият бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад», -иброз дошт ӯ.

Ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуда, ғолибони озмунҳо аз лиҳози моддию маънавӣ қадршиносӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

«Баҳри баланд бардоштани маънавиёт, фарҳанг, рӯ овардан ба китоб ва фарҳанги китобдӯстӣ озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» идома доранд, ки далели соҳибистиқлолии Ватан мебошанд. Зеро наврасону ҷавонон маҳз дар чунин фазо метавонанд донишу малакаи худро сайқал дода, пайи омӯзиши илмҳои замонавӣ гарданд», -гуфт Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой ва 10 муассисаи таълимӣ барои 9090 нафар хонанда дар як баст ба маблағи зиёда аз 606 милиону 927 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин дар соли таҳсили 2023-2024 дар пойтахт якчанд муассисаи таълимӣ ва томактабӣ ба истифода дода шуданд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 2110 ҷойи нишаст ва 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 11 ҳазор 396 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31 471 нафар тарбиягиранда фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 732 тарбиягиранда зиёд гаштааст. Шумораи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе дар айни замон 199 ададро бо фарогирии 274 ҳазору 920 хонанда ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 6 муассисаи таълимӣ ва 6518 нафар хонанда зиёд мебошад.

«Яке аз дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе- гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ мебошад, яъне имрӯз муассисаҳои шаҳри Душанбе ҳамқадами мактабҳои ҷаҳон мебошанд. Дар онҳо низоми муосири иттилоотӣ, истифодаи самараноку мақсаднок аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷорӣ буда, дар ин муассисаҳо робитаи муассисаҳои таълимӣ бо оила мустаҳкам мебошад», -гуфт Баҳром Исмоилзода.

Ба гуфтаи ӯ, амалӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ тавассути «Барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе самараи Истиқлол ва таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф мебошад. Муҳим он аст, ки барномаи мазкур пурра ройгон буда, ҳамаи хароҷот вобаста ба татбиқи он бо дастгирии муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пардохт шудааст.

«Ҳоло барномаи мазкур, дар 105 муассисаи таълимии пойтахт пурра амалӣ гардида, шуруъ аз соли таҳсили нав боз дар 45 муассисаи таълимӣ ин низоми нав татбиқ мешавад. Илова бар ин бояд иброз  намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар маҷмуъ 1414 (1178 ҷумҳуриявӣ ва 236 байналмилалӣ) медал ба даст оварда, тибқи маълумоти ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бо сазовор гардидан ба 1178 ҷои ифтихорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҷои аввал қарор дода шуд», -афзуд мавсуф.

Бо мақсади муҳайё намудани шароиту имконияти замонавӣ барои тарбияи наврасону ҷавонон, ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррас амалӣ гашта, ин иқдоми созанда бо маром идома дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2023 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи Ҷамомати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш мегардад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
Дар Истаравшан 38 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 2160 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад
ОЁ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ НОРАСОИИИ КАДРӢ МАВҶУД АСТ? Ин масъаларо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шарҳ доданд
Дар арафаи соли нави таҳсил маҷаллаҳои «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» аз чоп баромаданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 475 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт