ИСТИҚЛОЛИЯТ-ВОЛОТАРИН ВА АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Дар Суди Олӣ бахшида ба ин санаи муҳим ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 6, 2023 11:34

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ« Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки дар даврони истиқлолият маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти  судии мамлакат ба шохаи   мустақили  ҳокимият табдил гардида, қонунгузории соҳа  ва амалӣ намудани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  пешбинигардида зина ба зина  тақвият меёбад.

Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ҷоизаҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ мукофотонида шудаанд, супорид.

Таъкид гардид, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик давоми даҳ асри гузашта ба шумор рафта, маҳз бо шарофати он Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Гуфта шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шаванд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ дар мавзуъҳои «Истиқлолият ва рушди давлатдори миллӣ», «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ва «Таҳкими ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлолият» маъруза намуданд.

Изҳор гардид, ки маҳз дар ҳамин давра Тоҷикистон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси давлати демократию ҳуқуқбунёд ва халқу миллатҳои мутамаддин ҳисоб мешавад, шуруъ намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи мамлакат имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд