«Истиқлолияти давлатӣ ва рушди манфиатҳои миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди манфиатҳои миллӣ» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қабл аз оғози конференсия асарҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.
Ректори Донишгоҳ Дилшод Раҳмон доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ изҳор дошт, ки «дар ин давра пояҳои иқтисодии ҷумҳурӣ устувор гардид ва Тоҷикистон дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ шинохта шуд. Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон имкон фароҳам дод, ки ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила бартараф намуда, шароити мусоиди зиндагиро барои худ фароҳам оваранд».
Бо баракати Истиқлолияти давлатӣ шароити таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои илмӣ – педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.
Дар идомаи конференсия дар мавзуъҳои «Дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Соҳибистиқлолӣ ва рушди давлатдории дунявӣ», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он» ва «Истиқлолияти сиёсӣ- тамоюли асоси рушди давлатдории миллӣ дар замони муосир» устодони донишгоҳ изҳори андеша намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд






