«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ». Роҳнамои пажуҳиши осори Пешвои миллат бо ду забон таҳия гардид

Сентябрь 26, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» барои таъмини дастрасии ниҳодҳои илмӣ ва кулли хонандагони осори пурғановати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакфеҳристҳои мавзуӣ, ҷуғрофӣ ва ашхосро ба 22 ҷилди силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) тартиб дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф иттилоъ дод.

Мақсад аз таҳияи кумакфеҳристҳо осон намудани ҷустуҷӯи пажуҳандагон, сари вақт ва ба таври оҷил ёрӣ расонидан ба кулли истифодабарандагони силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷиҳати пажуҳишу дарёфти маводи зарурӣ аз ҷилдҳои 1-22-и ин силсиламаҷмуа мебошад.

Дар ин китоб се намуди кумакфеҳрист: мавзуӣ, ҷуғрофӣ ва ашхос оварда шудааст.

Масалан, бо истифода аз кумакфеҳристи мавзуъҳо истифодабарандаи китоб имкон дорад, ки бемамониат оид ба ин ё он мавзуи мушаххас, ки дар заминаи матни суханрониву паёмҳои табрикотии Пешвои миллат мураттаб шудаанд, маълумот пайдо намояд.

Истифодаи феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ба хонанда имкон медиҳад, ки доир ба номи давлатҳо, шаҳру вилоятҳо, ноҳияву деҳаҳо маълумот пайдо намояд.

Бо истифода аз кумакфеҳристи ашхос хонанда метавонад оид бо ному насаби шахсиятҳои маъруф ва шинохтаи таърихӣ шинос шавад.

Ҷобаҷогузории мавод дар кумакфеҳристҳо тибқи алифбо буда, аввал ҷилди китоб бо аломати баён ва ранги сиёҳтар ишора шуда, сипас саҳифаҳои китоб бо рақам нишон дода шуда, бо аломатҳои вергул ва нуқта баён ёфтаанд.

Кумакфеҳристи силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба ниҳодҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Дар таҳияи «Роҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат» саҳми мутахассиси варзидаи библиографияи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Қурбон Ғуломзода хеле назаррас мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон омӯзиши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ таввасути якчанд ниҳодҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Сарчашмаҳои асосиву арзишманд ва боэътимоди омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, осори пурмуҳтавои худи Пешвои миллат маҳсуб мешаванд ва бештари таҳқиқоти судманд маҳз дар заминаи асарҳои Пешвои миллат эҷод шудаанд.

Асарҳои Пешвои миллат дар шакли суханрониҳо, маърузаҳо, мақолаҳо, мусоҳибаву муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотӣ шуруъ аз моҳи ноябри соли 1992 дар силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷамъовариву гурӯҳбандӣ шуда, аз соли 2002 аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба табъ мерасанд.

Дар маҷмуъ, то имрӯз 22 ҷилди ин силсила чоп шудааст, ки ба онҳо матни 1558 маърузаву суханронӣ, изҳороту паём, мақолаву мусоҳибаҳои Пешвои миллат ворид шудаанд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Сентябрь 26, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад