Кадом маҳсулотро то ду сол ва ё бештар аз он метавон нигоҳдорӣ намуд? Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид солҳои охир бинобар тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардида, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, меафзояд. Дар чунин шароит ва болоравии нархи хўрока зарурати пешакӣ захира кардани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол ба манфиати кор аст. Дар ин маврид Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба кишоварзон ва сокинони мамлакат ҳушдор додаанд. Кадом маҳсулотро то ду сол ва ё бештар аз он метавон нигоҳдорӣ намуд? Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ.
Тавре коршиносон иброз медоранд, номгӯи маҳсулоте, ки метавон онро 2 сол ва ҳатто бештар аз он нигоҳ дошт, хеле калон аст. Маҳсулоте аз қабили шакар, асал, макарон, сабзавоти консервшуда, мураббо, меваҳои хушк, хокаи шир, чой, қаҳва, какао, равғани растанӣ, биринҷ, орд ва ғайра метавонад барои муддати дароз нигоҳдорӣ шавад.Дар бораи чанд маҳсулоте, ки ба муҳлати дароз захира карданашон мумкин аст, маълумот медиҳем.
ҚАНД
Қандро дар ҷои хушк ва сард нигоҳ бояд дошт. Ин маҳсулот, мисли намак, намиро дӯст намедорад. Агар шароити нигоҳдорӣ риоя шавад, пас онро метавон то 10 сол ҳифз намуд.
АСАЛ
Асал кайҳо боз ҳамчун «ғизои фавқулода» маълум аст, чунки дорои хусусиёти зиёди барои саломатӣ муфид мебошад. Дар он антиоксидантҳо зиёданд, сулфаро рафх смесозад ва ҳатто исбот шудааст, ки асал захмҳо ва сӯхтагиҳоро шифо мебахшад. Албатта, ин маҳсулот лазиз аст ва барои ҳамин асал тамоми хӯрокҳои дигарро бомаза мекунад. Асалро муддати бисёр тӯлонӣ нигоҳ доштан мумкин аст.
Дар эҳромҳои қадимаи Миср кӯзачаҳои гилини асал ёфт шудаанд ва маълум шуд, ки асали дохили онҳо ҳанӯз ҳам таъми олиҷаноб дорад, ҳатто пас аз ҳазорҳо сол, ки кӯзачаҳо муҳр шуда буданд. Сирри муҳлати зиёд нигаҳдорӣ шудани асал дар зиёдии қанд дар таркиби он нуҳуфтааст.
Инчунин асал дорои муҳити хеле турш аст ва бинобар ин бактерияҳо наметавонанд дар он инкишоф ёбанд.
МАКАРОН
Барои яклухт харидани қуттиҳои спагеттӣ дар хотир бояд дошт, ки онҳо танҳо 2-3 сол дар анҷомхона нигоҳ дошта мешаванд. Агар макарон дар зарфи ҳавоногузар гузошта ва дар ҷои хушк нигоҳ дошта шавад, муҳлати истеъмол он то 8-10 сол дароз хоҳад шуд.
КОНСЕРВАҲО
Қаблан огоҳ мекунем: консерваҳои худсохти хонагӣ набояд бештар аз як сол нигоҳдорӣ шаванд, агар хоҳед, ки таъми онҳо ва танҳо консервантҳои табииро бидуни моддаҳои зарарнок нигоҳ доред.
Аммо консерваҳои аз мағозаҳо харидшударо метавон муҳлати дарозтар — ба ҳисоби миёна то ду сол нигоҳ дошт.
Илова бар ин, муҳлати истифодаи, масалан, консерваи гӯштӣ маънои онро надорад, ки маҳсулот корношоям шудааст, аммо нишон медиҳад, ки худи қуттӣ эҳтимолан занг зада бошад. Барои нигоҳ доштани консерваҳо беҳтар аст, ки хонаҳои сард ва хушк интихоб шаванд.
МУРАББО
Бо фарорасии тобистон занҳо маъмулан ба бозорҳо мераванд, то ҳадди имкон мева ва сабзавот харид кунанд (дар тобистон нархи неъматҳои табиати Тоҷикистони офтобӣ арзонтар аст) ва дар шароити хона барои зимистон мураббо таҳия намоянд.
Амалан ҳар оила онро аз меваҳои гуногун омода мекунад.
Ҳоло аз меваҳо, чормағз, сабзавот ва ҳатто барги гулҳо мураббо тайёр мекунанд. Агар мураббо дар хонаи салқини ҳарораташ на болотар аз +15 ° C нигоҳдорӣ шавад, муҳлати қобили истифода будани он ду сол аст.
ХУШКМЕВА
Дар фасли зимистон ва баҳор ҳангоми кам шудани меваҳои тару тоза талабот ба ин маҳсулот зиёдтар мешавад. Мева ва буттамеваҳои табиии хушккардашуда на танҳо болаззат, балки манбаи витаминҳо барои ҳифзи саломатӣ мебошанд. Онҳоро метавон дар шакли тару тоза истеъмол кард ва ё барои тайёр кардани нӯшобаҳо, пухтупаз ва шириниҳои гуногун истифода намуд.
Меваҳои хушкро муддати тӯлонӣ нигоҳ доштан мумкин аст, аммо фаромӯш набояд кард, ки барои дароз кардани муҳлати ҳифозат онҳо бояд таври дуруст нигоҳдорӣ шаванд.
Ғолибан меваҳои хушкро метавон то 2 сол нигоҳ дошт, вале лозим аст, ки онҳо дар ҷойи хушк ва дур аз нурҳои мустақими офтоб ҳифозат шаванд. Меваҳои хушк аз намӣ ва рутубати баланд вайрон мешаванд.
ШИРИ ХУШК
Маъмулан шири гов то ду ҳафта дар яхдон нигоҳдорӣ мешавад. Хокаи шири серравған аз 2 то 5 сол ва хокаи шири беравған то 25 сол нигоҳдорӣ мешавад. Агар хокаи шир дар ҷои хушк ва сард, беҳтараш дар яхдон нигоҳ дошта шавад, муҳлати истифодаи он дароз мешавад.
ЛӮБИЁГИҲО
Лӯбиёгиҳоро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Сирри нигаҳдории тӯлонии ин намуди маҳсулот дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсус нуҳуфтааст. Барои ин, онҳо бояд комилан хушк бошанд, дар қуттиҳои ҳавоногузар ва дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шаванд.
Аммо! Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян кардаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд.
Ин маънои онро дорад, ки лӯбиёгиҳо дар асл, метавонанд ҳадди аққал то 30 сол нигоҳдорӣ шаванд.
БИРИНҶ
Агар шароит риоя шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо, биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд.
Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлоти Ютаи ИМА) гузаронидашуда нишон медиҳад, агар ин шароитҳо риоя шаванд, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад.
Бояд гуфт, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордодашуда истифода шудааст.
ОРД
Тавсия дода мешавад, ки ин маҳсулот на бештар аз 12 моҳ нигоҳ дошта шавад. Вале дар ҳамин муддат ҳам бӯй ва таъми орд метавонад тағйир ёбад, аз ин рӯ беҳтар аст, ки муҳлати нигоҳдории он аз панҷ то шаш моҳ маҳдуд карда шавад.
Тибқи маълумоти USDA, орд барои нигоҳдорӣ шароити хосро тақозо намекунад ва онро дар ҳарорати хонагӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Яъне, хона бояд хушк ва сард бошад ва барои пайдо нашудани ҳашарот ҳадди аққал дар як моҳ орд як бор бехта шавад. Аз ин рӯ, коршиносони соҳаи маводи ғизоӣ нигоҳ доштани ордро дар халтаҳои калон тавсия намедиҳанд. Беҳтар аст, ки барои нигоҳдории орд халтачаҳои катони дар маҳлули намак тар ва хуб хушкшуда истифода шаванд.
РАВҒАН
Танҳо як намуди равғани растанӣ мавҷуд аст, ки он бояд дар яхдон нигоҳ дошта шавад — ин равғани зағир аст. Муҳлати нигоҳдории ин равған бисёр кам аст, зеро вай дар ҳарорати хона талхмаза мешавад. Намудҳои дигари равғанҳо, аз ҷумла равғани имрӯз маъмули зайтун, бояд дар ҷойҳои сарду торик нигоҳ дошта шаванд. Беҳтар аст ки дар зарфҳои шишагӣ.
Ба ҳамин тартиб равғанро метавон ба осонӣ то ду сол нигоҳдорӣ намуд. Агар шумо хоҳед, ки ин муддатро каме дароз кунед, равғанро ба зарфи шишагӣ бирезед ва дар таги зарф каме намак пошед. Дар бораи равғани зард бояд гуфт, ки агар он дуруст таҳия шуда бошад, метавонад солҳо нигоҳдорӣ шавад, — инро таҷрибаи гузаштагонамон исбот намудааст.
Пештар, равған дар зарфҳои сафолӣ нигоҳдорӣ мешуд ва муддати тӯлонӣ сифатҳои муфиди худро гум намекард. Нисбати равғани зарди истеҳсоли саноатӣ қоидаҳои дигар амал мекунанд. Дар ин намуди равған миқдори об нисбат ба равғани хонагӣ камтар аст. Аз ин рӯ, дар ҳарорати хона муҳлати нигоҳдории он 9 моҳ ва дар яхдон то 15 моҳ аст.
ЧОЙ
Муҳлати истеъмолии чойи ғарамшуда на бештар аз як сол аст, агар он дар шароити дуруст нигоҳдорӣ шавад. Дар борҷомаҳои кушода муҳлати нигоҳдории он кам мешавад.
Бояд донист, ки ин маҳсулоти бисёр нозук аст, бӯйҳо, рутубат ва чизҳои дар наздаш бударо ба худ мегирад. Ҳангоми нигоҳ доштани чой дар хона муҳим аст, ки он дар қуттиҳои сарбаста ҳифозат шавад. Борҷома бояд аз сафол, шиша ва ё аққалан филизӣ бошад.
Барои муддати кӯтоҳ — чанд ҳафта — чойро дар қуттиҳои коғазӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Агар имкон дошта бошад чой бояд дар борҷомаи ҳавоногузар нигоҳ дошта шавад, дар ин ҳолат муҳлати нигоҳдории он зиёд мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз