ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» бо ҳам бозӣ менамоянд

Сентябрь 26, 2023 15:35

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, бозӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни Чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар дар сатҳи баланд доир шуда, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 26, 2023 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд