ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дар Ҳисор байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон бозӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соати 19:00-и 21 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ба ин хотир 20 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулони бозӣ, инчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Марв»-и Турманистон ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилии бозии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ шуд. Дар ин вохӯрӣ ноибчемпиони Тоҷикистон-дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо либоси сафед ва футболбозони дастаи «Марв»-и Турманистон бо либоси зард ба майдон мебароянд.
Дар бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон нархи чиптаи бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






