Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд

Сентябрь 8, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти наздик ба 20 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони «Навои ифтихор» иҷро карда шуд.

Маросими бошукуҳи ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.

Мавриди тазаккури хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ чун оини доимии низомиён бо ворид намудани Парчами давлатӣ шуруъ мегардад.

Қабл аз гузашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.

Сипас, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин мамлакати биҳшитосо суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин ду ҷашни бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокчиёни паради ҳарбӣ — афсарону сарбозонро самимона табрику шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

«Мардуми ҷумҳурии мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиҳони фоҷиабор гузаштанд ва ба аҳли башар нишон доданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд, Ватани хешро аз ҳар гуна мушкилоту озмоишҳо раҳоӣ бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд», — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни мамлакат  ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунанд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва бо дарназардошти вазъи мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакат амалӣ намуда истодааст.

Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат  вазифадор шуданд, ки дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳон ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар сурати таъмин будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имкон дошта метавонад.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки  афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба савганди ҳарбӣ, ба давлат, миллат ва Ватани худ минбаъд низ содиқ монда, вазифаҳои бадӯшдошта ва рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Баъд аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат  ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тупҳо 30 шиллик парронда шуд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 20 ҳазор нафар ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ гардид.

Таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.

Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони Хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона иштирок намуданд.

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 08.09.2023

Сентябрь 8, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд