Президенти Тоҷикистон: «Ҳадафи мо аз эълони озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш аст»
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи мо аз эълон намудани озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» «тагурӯ» намудани таърих нест, балки мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.
Ба ибрози Сарвари давлат, дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзун пайдо намудани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз намуда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд.
«Мо озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро ба хотири он эълон намудем, ки ҷавонону наврасон ва дар маҷмуъ шаҳрвандонамон дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёбанд»,-таъкид доштанд Пешвои миллат.
Бо дарки ин гуфтаҳо имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки ҷиҳати муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсола ва арзишҳои асили миллати тоҷик шароити боз ҳам мусоид фароҳам оварда шавад.








«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






