Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем»,-чунин изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ.
Ба гуфтаи Роҳбари давлат, ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад
Пешвои миллат муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фардро дар ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо унвон намуданд.
«Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.
АКС аз бойгонӣ








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд






