Прокурори генералии Тоҷикистон дар Озарбойҷон оид ба таҷрибаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маъруза намуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 33-юми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, иштирок намуда, дар хусуси таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маъруза намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш мулоқотҳои алоҳидаи дуҷониба бо прокуророни генералии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардида, зимни он масъалаҳои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорони махсусан хавфнок, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд.
Нимаи дуюми 15 сентябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 4-уми прокуророни генералии давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо инобати вазъи амниятӣ дар Афғонистон маъруза намуд.
Дар доираи ин ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо прокуророни генералии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҳамтоёни хориҷӣ мулоқоти дуҷониба анҷом дода, пеш аз ҳама, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорони махсусан хавфнок, истирдоди онҳо ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқиро баррасӣ намуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ИДМ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






