Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ботантана гузаронида шуд

Сентябрь 2, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола чун анъанаи нек 1 сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ботантана гузаронида мешаванд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо руҳияи идона тамошо намуданд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод намуда, роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоии мамлакат – мактабу маориф изҳори назар намуданд.

Дар ин рӯз дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъанаи солҳои гузашта Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар ин санаи хотирмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон  иштирок доштанд.


Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи дониш ва 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Зимнан ректори Донишгоҳ оид ба дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати мамлакат изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат захираву имконият ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона намуда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи номаи табрикӣ аз бар намудани илму донишро барои донишҷӯён вазифаи аввалиндараҷа номида, таъкид намуд, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, то мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонанд.

Дар интиҳо намояндаи хатмкунандагони донишгоҳ – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Мадина Кулматова ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намоянда аз донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ – донишҷӯйи факултети молиявию иқтисодӣ Ҷамолиддин Фаттоев супорид.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид
Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муарифӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд
Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад
Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад