«Саноатсодиротбонк» ва Эксимбонки Малайзия лоиҳаҳои муштаракро амалӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода бо ҳайати кории Эксимбонки Малайзия таҳти роҳбарии Директор оид ба масъалаҳои стратегӣ Лиза Майдин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкории дуҷониба, аз қабили ҳамкории муросилотӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди соҳибкории дуҷониба ва такмили таҷрибаи мутахассисони соҳаро тариқи маҷозӣ баррасӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо имконияти мусоид барои идома додани ҳамкорӣ дар сатҳи роҳбарияти бонкҳо дар Малайзия баргузор намудани вохӯрӣ ба нақша гирифта хоҳад шуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои ҳамкории судманд дар оянда изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: «Саноатсодиротбонк»










Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






