Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар ҳошияи маросими ифтитоҳи марҳилаи якуми татбиқи Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шаҳри Бохтар доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз сатҳи ҳамкории намояндагии Бонки ҷаҳонӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба имконоти вилоят ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкунӣ, истеҳсоли маҳсулот ва саноат, инчунин рушди сайёҳӣ сухан гуфт.
Доир ба натиҷаҳои тадқиқот оид ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар вилояти Хатлон суҳбат анҷом дода шуд.
Иброз гардид, ки ҷиҳати таъмини самарабахши сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва партовҳо бояд механизмҳои санҷидашудаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, ҷамъиятҳо, шарикони рушд ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф (Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун) ба кор бурда шаванд.


Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба имкони амалӣ намудани якчанд тадбир дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии вилояти Хатлон ибрози назар намуданд.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди равобит мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ гардида, соли 1996 дар мамлакат намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таъсис ёфт. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 850 миллион доллари ИМА лоиҳаҳои гуногун амалӣ намудааст, ки сеяки ин маблағ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва деҳот нигаронида шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






