СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Оид ба дурнамо ва амалисозии он ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 5, 2023 13:57

ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзуи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйиру дигаргуниҳо дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ин раванд тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. «Мазмуну моҳияти меъёрҳои конститусионии соҳаи ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи Конститутсия, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар ҳама самтҳо, инчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ шуда, санадҳои муҳими стратегӣ қабул мегарданд»,-изҳор дошт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023 тасдиқ гардидааст, ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад ва воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ ва дигар сохторҳои иҷроияи он заминаи мустаҳкам гузоштааст. Дар идомаи таҳкими чунин ҳамкорӣ Тоҷикистон аз 9 санади универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон 7-тои онро (2 Паймон ва 5 Конвенсия) тасдиқ намудааст.

«Дар айни замон давлати мо дар самти пешниҳоди гузоришҳои миллӣ қарздорӣ надорад. Мавриди тазаккур аст, ки аз моҳи майи соли 2022 гузориши даврии муттаҳидаи шашум ва ҳафтум оид ба амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва гузориши миллӣ оид ба амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа пеш аз муҳлат ба кумитаҳои дахлдори СММ пешниҳод гардида, дар баррасӣ қарор доранд»,-баён дошт Умед Бобозода.

Дар ҳамоиш ҳадаф аз қабули Стратегияи миллиро ба муайян намудани вазифаҳои асосӣ ва самтҳои амалисозии сиёсати давлатии пешгирифтаи Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ҳамчун шарти муҳим ва зарурии муваффақияти халқ, рақобатпазирии давлат дар арсаи байналмилалӣ, рушди устувор ва шаклгирии имиҷу симои демократии он марбут донистанд.

Тазаккур дода шуд, ки нақшаи амали Стратегия барои ҳар сесола таҳия ва қабул мегардад ва дар он маҷмуи чорабиниҳо бо баёни муҳлати иҷро ва натиҷаҳои чашмдошт нишон дода мешаванд.

Тибқи замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали Стратегияи мазкур барои солҳои 2023-2025 тасдиқ гардида, тибқи он вазорату идораҳои масъул вазифадор гардиданд, ки оид ба чорабиниҳое, ки аз Стратегия бармеоянд ва ба онҳо дахл доранд, тадбирҳо андешида, аз натиҷаи он ҳамасола то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2023 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи омода намудани мутахассисонро дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ баррасӣ намуданд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. То имрӯз беш аз 10 000 чиптаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» фурӯхта шудааст
«РОҒУН»- ИНШООТИ АЗИМИ АСР. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ин неругоҳ шинос шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс» (CASP+) оғоз гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск иштирок намуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Хоруғ имтиҳонҳои қабул ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» доир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли UNIDO дар Вена иштирок дорад
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 114-уми Шурои Созмони байналмилалии муҳоҷират иштирок намуд
ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мақсад гузоштаанд истеҳсоли лимӯро ба 7000 тонна расонанд