Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ дар Душанбе

Сентябрь 11, 2023 15:58

ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар майдони «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардид, ки то 15 сентябр идома меёбад.

Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзон ва аҳли ҳунару фарҳанг аз шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимаю муосири ҳунарҳои мардумии водии Ҳисорро пешниҳоди меҳмонон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод мегардад.

Сентябрь 11, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд