Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти илму маориф лоиҳаҳои муштаракро татбиқ менамоянд

Сентябрь 21, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти илму маориф Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Тошканд бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмон Иброҳимов мулоқот намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф байни давлатҳои дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири маориф иброз дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ аз 10 январи соли 1997 шуруъ гардида, дар натиҷаи ташаббусҳои роҳбарони ду давлат тайи солҳои охир ба таври назаррас тавсеа ёфта истодаанд.

Ҳамзамон аз Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Форуми чоруми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки соҳаҳои илму маориф дар мамлакатҳои минтақа аз лиҳози низом ба ҳам наздик шуда, барои вусъати ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи илм ва маориф заминаи мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд