«ТОҶИКОН-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». 24 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифтанд

Сентябрь 16, 2023 16:25

 ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» дар шаҳри Душанбе муайян шуданд. Дар он 24  довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмун аз 13 то 16 сентябрдар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он аз ҷумла, 4 нафар сазовори ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 12 нафар ҷойи сеюм гардиданд.

Дар даври якуми озмун 43169 довталаб ва дар даври дуюм бошад 1227 нафар  иштирок намуда, маҳорату қобилияти худро дар нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, сухандонӣ, асосноккунии рўйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик нишон доданд.

Аз шумораи умумии довталабон 100 нафар ғолиби даври дуюм дониста шуда, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (9-11), 27 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 26 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ва 19 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров  баргузор карда мешавад.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум — нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».

Озмуни мазкур  ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Сентябрь 16, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд