Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандони неругоҳи «Бойғозӣ» оид ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳори ақида намуда, бобати сазовор таҷлил намудани 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мавзуи сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, либоси ягонаи мактабӣ, донистани забони давлатӣ, обод гардонидани гӯшаи маҳал, ҳамзамон доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва вазъияти ҳассоси пешгӯинашавандаи ҷаҳон суҳбатҳо доир намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






