Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандони неругоҳи «Бойғозӣ» оид ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуданд

Сентябрь 7, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода ва  Зулфиқор Гулаҳмадзода  бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси  намояндагон Фозил Обидзода вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳори ақида намуда, бобати сазовор таҷлил намудани 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мавзуи сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, либоси ягонаи мактабӣ, донистани забони давлатӣ, обод гардонидани гӯшаи маҳал, ҳамзамон доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии  шаҳрвандон», даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва вазъияти ҳассоси пешгӯинашавандаи ҷаҳон суҳбатҳо доир намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд