Вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Сентябрь 29, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию  техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самтҳои сармоягузорӣ, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат баррасӣ гардида, аз ҷониби З. Завқизода лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас пешниҳод шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супориши роҳбарони ҳар ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои протоколи ҷаласаи комиссия корҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд