ЗАНГИ АВВАЛ! Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд

Сентябрь 1, 2023 07:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои синфҳои якум занги аввал садо медиҳад. Имсол низ кӯдакони зиёд бори аввал ба мактаб қадам гузошта, дарси нахустини худ — Дарси сулҳро бо гӯш намудани суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мебахшанд.

Тибқи таҳлили оморӣ, имсол беш аз 260 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд. Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ  ҷамъомади идона баргузор шуда, омӯзгорон хонандагонро барои аз худ намудани дониши хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба Ватану миллати хеш даъват менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар намуда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар мамлакат ҷалб менамоем».

Бояд тазаккур дод, ки илму дониш дар ҳама давру замон манбаи рӯшноӣ ва комёбиву саодатмандӣ дониста шуда, тавассути он шахс ба қуллаҳои баланди орзуву муроди хеш мерасад.

Бузургону донишмандони ҷаҳонӣ, аз ҷумла мутафаккирони тоҷик ҷойгоҳи донишомӯзиро бисёр баланд арзёбӣ намудаанд. Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мавқеи донишро дар ҳаёти инсон чунин таъриф намудааст:

Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 Аз ин рӯ наврасону ҷавонони имрӯзаро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда аз пайи омӯзиши илму дониш шуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушду тараққии ҷомеа нақши созгор гузоранд.

Зеро  дар ҷомеаи мо барои ҷавонон шароити илмомӯзӣ муҳайё буда, садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд шудааст. Солҳои охир шумораи чопи китобҳои дарсӣ низ зиёд буда, имкони хуберо барои азбарнамоии илму дониш фароҳам сохтааст. Бояд наврасону ҷавонон аз ҳама имконият истифода бурда, рӯ ба илму дониш оранд, забон омӯзанду аз технологияи муосир бохабар бошанд. Онҳо давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон буда, фарҳанги миллиамонро ҳифз ва эҳё намоянд, сазовори боварии миллату давлат бошанд, ору номуси ватандориро меҳвари асосии зиндагии худ қарор диҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2023 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд