10 октябр Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр, соати 09:00 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар иҷлосия гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуда, ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 66 тасдиқ мешавад.
Ҳамчунин амалишавии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 баррасӣ мегардад.
Ҳамзамон ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 дар шаҳри Душанбе шунида мешавад.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 7 октябри соли 2023 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






