АҲСАНТ! Навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» соҳиби медали тилло гардид

Октябрь 2, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 02.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023», ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Сомон ду рақиби худро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд