Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба Аврупо иштирок намуд

Октябрь 18, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод дар 69 –умин нишасти Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) оид ба Аврупо, ки дар доираи 25 – умин Маҷмааи умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо,  аз қабили тасдиқи Барномаи корӣ ва буҷети Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои солҳои 2024-2025, муҳокимаи рӯзномаи UNWTO барои Аврупо, таъсиси дафтари мавзӯии созмон таҳти унвони «Сайёҳӣ дар роҳи абрешим» ва дигар масъалаҳо оид ба кишварҳои Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки аз таснифоти давлатҳои аъзо ба минтақаҳо, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ муайян карда шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) оид ба Аврупо мебошад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад