Ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои изҳороти муштарак ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо имзои якчанд ҳуҷҷати муҳим дар Бишкек ҷаласаи 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли васеъ ба анҷом расид. Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Қабл аз оғози ҷаласа Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо дигар роҳбарони ҳайатҳои расмӣ дар маросими истиқболу аксбардорӣ ва мулоқот бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров иштирок намуд.
Аз ҷумла, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштарак ба имзо расид.
Ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки ба татбиқи барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, буҷети созмони ҳамкории Шанхай барои соли 2024, қоидаҳои молиявии созмони ҳамкории Шанхай, нигоҳдории маблағ, кафолатҳо ва ҷубронпулии шахсони мансабдори мақомоти ба таври доимӣ амалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай дахл доранд, ба имзо расиданд.
Инчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани Соли экологияи Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2024 ба имзо расид.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






