«ҲАМЕША ОРЗУ ДОШТАМ, КИ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРНОМА ГИРАМ». Таассуроти барандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли панҷум аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Бо итминон метавон иброз намуд, ки озмун давоми солҳои 2019-2023 намунаҳои беҳтарини ҳунари асилро аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ҳам оварда, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо барандагони Шоҳҷоизаи ин озмун дар алоҳидагӣ ҳамсуҳбат шуда, таассуроташонро оид ба баргузории озмун пешниҳоди хонандагон менамояд.
Фазлиддин Одинаев, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Фазлиддин Одинаев аз рӯи номинатсияи «навозандагӣ» соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва 50 000 сомонӣ гардид.
Ӯ гуфт, ки доир гардидани чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пеш аз ҳама, самараи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи фарҳанг мебошад.
«Ман миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, инчунин тамоми мардуми фарҳангдӯсти Тоҷикистон мерасонам. Дӯст доштани санъату фарҳанги асил ва ташкили озмунҳои сатҳи баланд баҳри пеш бурдани санъат такони ҷиддӣ мегардад ва минбаъд дигар ҷавонон бо руҳияи баланд дар ин гуна озмунҳо иштирок менамоянд», — иброз дошт номбурда.
Хусрав Ҳабибов, овозхони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Хусрав Ҳабибов аз рӯи номинатсияи «сарояндагӣ» соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва 50 000 сомонӣ гардид.
Хусрав иброз дошт, ки «соли чорум аст дар ин озмун иштирок менамоям. Соли аввал дар ноҳия ҷои аввал, дар вилоят ҷои дуюмро гирифтам. Соли дуюм дар ноҳия ҷои аввал, дар вилоят ҷои 3-юмро соҳиб шудам. Соли сеюм дар ноҳия ва вилоят ҷои аввалро гирифта, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтам. Дар даври шаҳрӣ, мутаассифона, ҷой нагирифтам, аммо соҳиби Ифтихорномаи ҷойи ифтихорӣ шудам. Имсол, хушбахтона, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам ва чуноне, ки медонед, Шоҳҷоиза насибам гардид. Таассуротам аз иштирок дар озмун ва гирифтани Шоҳҷоиза хеле рангин аст, хурсандиям канор надорад. Ҳамеша орзу доштам, ки аз номи Пешвои миллат Ифтихорнома гирам. Бо ҳамин мақсад дар ин озмун иштирок намудам. Шукр, ки ҳам диплом ва ҳам Шоҳҷоиза насибам шуд ва ин бароям мояи ифтихор аст. Ҳамзамон миннатдории худро ба ҳама мардуми фарҳангдӯсти ноҳияи Ҳамадонӣ, роҳбарияти ноҳия ва тамоми устодони азизам, ки барои ҳунарманд шуданам хизмати зиёд намудаанд, мерасонам».
Манучеҳр Бурҳонов, декани факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Манучеҳр Бурҳонов аз рӯи номинатсияи «композиторӣ» соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва 50 000 сомонӣ гардид.
Манучеҳр мегӯяд, ки «мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ насли хушбахтем, зеро яке аз бузургтарин сиёсатмадорони чанд даҳсолаи охир, шахсияти муваффақу Сарвари ботадбире, чун Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки ояндаи миллатро дар симои ҷавонон мебинанду ба онҳо эътимоди комил доранд. Сарвари маҳбуби мамлакат ба қишри ояндасози миллат-ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд».
Озмуни «Тоҷикистон Ватани-азизи ман» тӯли панҷ сол мешавад, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфт ва кашфи истеъдодҳои нави соҳаи санъату фарҳанг дар сатҳи олӣ баргузор мегардад. Тавассути ин озмун беҳтарин дурдонаҳои соҳаи мусиқӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарёфт шуданд. Инчунин чандин ҷавонони соҳибистеъдод тавонистанд баъди ба даст овардани ғолибият дар даври ниҳоии озмун ба дилхоҳ макотиби олии мамлакат тариқи суҳбат дохил гарданд.
«Озмун соли 2023 дар сатҳи олӣ баргузор гардида, ҳайати ҳакамон ба маҳорати ҳар як иштирокчӣ баҳои сазовор гузошт. Банда соли равон дар номинатсияи композитории жанри анъанавии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардидам, ки бароям мояи ифтихор аст»,-гуфт Манучеҳр.
Муҳаммадҷони Ҳикматзода, магистранти Донишкадаи давлатии саньати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Муҳаммадҷони Ҳикматзода аз рӯи номинатсияи «санъати тасвирӣ» соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва 50 000 сомонӣ гардид.
Муҳаммадҷон мегӯяд, ки ӯ дар се даври озмун иштирок намуда, се асарашро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардонид.
«Асаре, ки дар даври шаҳрӣ пешниҳод намудам, «Об барои рушди устувор» ном дошт. Ин асар чашмаҳо ва баҳру дарёҳои Тоҷикистонро нишон медод. Асаре, ки дар даври вилоятӣ пешниҳод намудам, «Рамзҳои наврӯзӣ» номгузорӣ шуда буд. Ҳар унсури дар ин асар тасвиршуда якчанд маъниро ифода менамуд. Асаре, ки дар даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудам, маънии онро дошт, ки тоҷикон дар ҳақиқат дорои таърихи қадимӣ мебошанд. Ин асарамро ман «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ном гузоштам. Гуфтанӣ ҳастам, ки дар озмун рақобат дар байни ҳунармандон хеле зиёд буд ва ин барои ман як санҷиш шуду ман ҳунарамро озмуда, хушбахтона, соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо, ҷавонон ва ҷиҳати дастгирии нафарони ҳунарманд чунин иқдоми наҷибро амалӣ намудаанд».
Наргис Саидова, донишҷӯи бахши ғоибонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Наргис Саидова аз рӯи номинатсияи «дизайн» соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва 50 000 сомонӣ гардид.
Барандаи Шоҳҷоиза аз номинатсияи «дизайн» Наргис Саидова баён дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасози миллат-ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ ман миннатдории худро ба Ҳукумати мамлакат, хосса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо, ҷавонон чунин озмунҳои сатҳи баландро ба роҳ мондаанд. Ин озмунҳо барои баланд бардоштани савияи дониш ва равнақ ёфтани ҳунари мо, ҷавонон заминаи мусоид мегузоранд».
Имсол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия – «композиторӣ», «сарояндагӣ», «навозандагӣ», «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» гузаронида шуда, номинатсияҳои «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» бори аввал баргузор шуданд. Дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои «санъати тасвирӣ» (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), «ороиши амалӣ» (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), «дизайни графика», «реклама», «дизайни дохили бино», «дизайни мӯд» ва «бофандагии бадеӣ» иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» пуршукуҳ доир гардид. Он бо супоридани Шоҳҷоизаю мукофотҳо ба ғолибони озмун ва барномаи фарҳангии хотирмон ҷамъбаст гардид.
София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»