Аз моҳи сентябри соли 2022 то инҷониб дар Тоҷикистон 78 иншооти нави сарҳадӣ бунёд ёфтааст

Октябрь 19, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бунёди 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз, 19 октябр  зимни ба истифода додани Дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул» дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ дода шуд.

Тавре иброз гардид, ин баландтарин нишондиҳанда дар самти бунёду ба истифода додани иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 2023 ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат дар ин ҷо  ёдовар шуданд, ки соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони дидбонгоҳҳои замонавӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва бунёду ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои афсарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити замонавии хизмат изҳори минадорӣ намуда, таъкид доштанд, ки раванди беҳсозии шароити хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ идома дода мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 19, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид