Ба хонандагони мактаби байналмилалии Душанбе дастовардҳои Институти физикаю техника муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров барои хонандагони синфҳои 10 ва 11-и Мактаби байналмилалии Душанбе муаррифии раванди таҳқиқот ва дастовардҳои институт баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти физикаю техника хабар медиҳад.
Муаррифӣ бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии насли наврас, аз ҷумла дар соҳаи физикаю техника дар чаҳорчўбаи эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амалӣ шуда, хонандагон бо таҳқиқоти Маркази байналмилалаии таҳқиқоти физикӣ-ядроии институт, аз ҷумла реактори ядроии таҳқиқотии «Аргус-ФТИ», ки яке аз нодиртарин дастгоҳи илмии соҳа ба ҳисоб меравад, шинос шуданд.
Бунёди Маркази ядрои-таҳлилӣ дар асоси манбаи тавонои афканишот – реактори «Аргус-ФТИ» ба таъмин намудани ҳаҷми калони таҳқиқотҳои аналитикӣ рабт дорад, ки барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарур мебошанд.
АКС: Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






