БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод таъмиру навсозӣ мешавад
ФАЙЗОБОД, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Файзобод таъмиру навсозии Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд амалӣ мегардад, бо суръати баланд идома дорад. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Дар беморхона бинои маркази ташхису табобат сохта шуда, бинои беморхонаи марказӣ, бинои шуъбаи таваллуд пурра навсозӣ ва бо таъмири куллӣ фаро гирифта шудааст.
Сардори қитъаи сохтмонии ҶДММ «Строй-Центр» Ғуломалӣ Боев иброз намуд, ки «корҳои таъмиру навсозӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод, иборат аз 10 шуъба бо ғунҷоиши 216 кат ва сохтмони бинои Маркази ташхису табобатӣ, иборат аз 6 шуъба бо ғунҷоиши 28 кат ва бо масоҳати 9609 м2 амалӣ мегарданд. Хушбахтона, бинои Маркази ташхису табобатӣ, иборат аз се ошёна сохта шуд. Дар айни замон мутахассисон бомпӯши онро сохта истодаанд. Ҳамаи корҳои сохтмонӣ, навсозию таъмири пурраи беморхона бо ҷалби мутахассисони арзанда ва мутобиқ ба қоидаҳои меъморӣ амалӣ гардонида мешавад».
Сардухтури ноҳияи Файзобод Суҳроб Ҷобиров гуфт, ки беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод соли 1975 барои 175 кат сохта шудааст. Бинобар кӯҳнаю фарсуда ва таъмирталаб будани биноҳои табобатӣ беморхона ба таъмири асосӣ ниёз дошт. Хушбахтона, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд Беморхонаи марказии ноҳия пурра навсозию таъмир гардида, ояндаи наздик табибон дар беҳтарин шароит ва бо беҳтарин таҷҳизоти тиббии замонавӣ ба сокинони ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин лоиҳа навсозии инфрасохтор, аз қабили шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин таҷҳизонидани Беморхонаи марказӣ бо мебел ва асбобу таҷҳизоти нави лабораторӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Бонки осиёии рушд аз соли 2019 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, ба боло бурдани вазъи хизматрасонӣ дар самти модару кӯдак нигаронида шудааст.
Ҳадафи аслии фаъолияти ин лоиҳа- беҳтар намудани фарогирии модарон ва кӯдакон ба хизматрасонии маҷмуии сифатнок оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






