Бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Соҳибкорӣ ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ тавонист ҳиссаи худро дар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ афзун намуда, аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад ва ба ин васила ҷиҳати некӯаҳволии сокинони мамлакат саҳми муассир гузорад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият дошта, соҳибкорон тоҷик бо 70 давлати ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ мондаанд». Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон изҳор намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар чорабинии мазкур беш аз 100 иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ илова кард, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Барномаи рушди соҳибкорӣ қабул гардидааст, ки ба рушду пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Номбурда иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ марказҳои рушди ин соҳа, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе Маркази рушди соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва ҳукумат қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор соҳибкорон дар намояндагӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва соҳаҳои гуногуни фаъолият барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






