Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии кормандони оперативии мақомоти милитсия ҳамоиш доир шуд

Октябрь 4, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 04.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативии мақомоти милитсия дар доираи маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иброз гардид, ки маҳз забон давоми солҳои таърих нигоҳдорандаи арзишҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, миллати моро дар кашмакашҳои таърихӣ ҳамеша забони нобу шевояш ҳифз намудааст.

Дар ҳамоиш муҳимтарин масъалаҳои забон ва таҳкими минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта, баён гардид, ки мояи  ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ рушд намуда, ҳамчун забони илм муаррифӣ мешавад.

Дар қисмати дигари ҳамоиш доир ба фаъолияту ҷоннисориҳои кормандони самти оперативии мақомоти милитсия ибрози андеша  шуд. Иброз гардид, ки дар баробари кормандони дигар бахшҳои милитсия кормандони бахши оперативӣ ҷиҳати ошкору дастгирнамоии афроди ҷиноятпеша, таъмини волоияти қонуну тартибот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нақши муҳим доранд.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандоне, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 4, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид