«Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» мавриди амал қарор дорад

Октябрь 29, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» амал дорад, ки барои иҷрои он беш аз 13 миллион  сомонӣ ҷудо шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иброз дошт, ҳадаф аз қабули барнома- рушди китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва тарғиби китоб байни аҳолии мамлакат мебошад. Бо дарки муҳиммияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла соли гузашта «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 млн сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ ба дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид шудаанд.

«Татбиқи чорабиниҳои ин барномаҳои давлатӣ барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ, дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имконияти боз ҳам васеътарро фароҳам овард», -гуфт ӯ.

Тибқи омори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 30 миллион нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ фаъолият доранд«Миллати  мо дар ҳама давру замон, новобаста аз сардиву гармиҳои таърих китобхону китобофар буда, зиндагии хешро бе китоб тасаввур карда наметавонад ва рӯзгори хешро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшад», -изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи мавсуф, аҳамияти китоб, бахусус дар тарбия ва ташаккули шахсияти насли наврас бениҳоят бузург аст. Ба ин маънӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид шудааст, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ талаб менамояд. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол намояд. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб намудааст».

Мутахассиси соҳаи китоб иброз медорад, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва таҷлили «Рӯзи китоб» ёдовар шуд.

Ҳамзамон бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ дар байни  қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва  шаҳрвандони мамлакат бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» гузаронида мешаванд.

Ин иқдомҳои оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ,  бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав  барои ҷалби наврасону  ҷавонон ба китобу китобхона  тадбири  мубраму саривақтӣ  ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду  босавод ва дорои  маърифати  баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи  дасисаҳои  муғризона нахоҳанд шуд.

Мутахассиси соҳаи китобдорӣ ба ҷавонон тавсия дод, ки баҳри тақвияти ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, таҳкими пойдории миллату фарҳанг ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бояд осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд.

Дар ин радиф, бешак, беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат – «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра ба шумор мераванд, ки ба ташаккули зеҳну  шуури барои ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик созгори насли наврас ва такомули ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии онҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо