Дар Бадахшон даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Маснавихонӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Маснавихонӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш роҳбарияти вилоят иброз намуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ба роҳ монда шудааст. Ин тадбири саривақтии Роҳбари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки барои эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод фароҳам овард. Аз ҷумла, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» имрӯз дар байни ҷомеа маҳбубияти зиёде пайдо намуда, дар радифи беҳтар шудани сифат ва сатҳи баргузории озмунҳо, ҳамзамон теъдоди иштироки довталабон ҳамасола меафзояд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдоми пешгирифтаи Сарвари дурандешу маърифатпарвари тоҷикон дар ҷомеаи Тоҷикистон ва байни қишрҳои гуногун ҳамовозии амиқ пайдо намуда, ба ин васила иқтидори илмии мамлакат таҳким ва неруи зеҳнии аҳли ҷомеа боз ҳам рушду такомул меёбад.
Имсол дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳувияти миллию худшиносӣ ду озмуни дигар- ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» амалӣ шуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокчиёни даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Маснавихонӣ», ки ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро ишғол намуда будан, туҳфаҳои пулӣ ва сипосномаҳо супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд






