Дар Бадахшон даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Маснавихонӣ» ҷамъбаст гардид

Октябрь 6, 2023 09:24

ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  маросими ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Маснавихонӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш роҳбарияти вилоят  иброз намуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ба роҳ монда шудааст. Ин тадбири саривақтии Роҳбари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки барои эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод фароҳам овард. Аз ҷумла, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» имрӯз дар байни ҷомеа маҳбубияти зиёде пайдо намуда, дар радифи беҳтар шудани сифат ва сатҳи баргузории озмунҳо, ҳамзамон теъдоди иштироки довталабон ҳамасола меафзояд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдоми пешгирифтаи Сарвари дурандешу маърифатпарвари тоҷикон дар ҷомеаи Тоҷикистон ва байни қишрҳои гуногун ҳамовозии амиқ пайдо намуда, ба ин васила иқтидори илмии мамлакат таҳким ва неруи зеҳнии аҳли ҷомеа боз ҳам рушду такомул меёбад.

Имсол дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳувияти миллию худшиносӣ ду озмуни дигар- ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» амалӣ шуданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокчиёни даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Маснавихонӣ», ки ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро ишғол намуда будан, туҳфаҳои пулӣ ва сипосномаҳо супорида шуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  

Октябрь 6, 2023 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд